Аёдати хонаи пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4236

 Санаи 25 декабри соли 2020 аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2021 аёдат карда шуданд. Дар оғози маърака, дар ҳудуди маркази мазкур аз ҷониби сардору кормандони раёсат якҷоя бо кормандону бошандагони хонаи пиронсолон 20 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Баъд аз он, ҳамаи 53 нафар бошандагон ва 36 нафар кормандони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон аз тарафи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят табрик гардида, ба ҳамаи онҳо тўҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Ҳамзамон, барои пиронсолону маъюбон дастурхони идона ороста гардида, аз ҷониби бошандагон миннатдорӣ барои ғамҳориҳои роҳбарияти давлат ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шуд.

 

joomlamodniyportal.ru