Аёдати маъюбон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2416

   Аёдати маъюбон ва камбизоатон яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Бо ин мақсад дар асоси муроҷиати нафақахӯр – маъюб Раҳимова З., сокини ш.Конибодом, кӯчаи О.Манонов № 118 аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом оилаи мазкур бо ҳезум дар мавсими зимистонгузаронӣ ва маводҳои хӯрока таъмин карда шуд.