Иштироки Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар «Иди миллии Сада» дар шаҳри Душанбе

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2385

Санаи 31 январи соли ҷорӣ дар доираи таҳлили ҷашни «Иди миллии Сада» дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Тибқи ҷадвали тақсимоти пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар чорабинии ҷумҳуриявӣ дар баробари дигар сохтору ташкилот кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, аз он ҷумла мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен  фаъолона иштирок намуданд. Дар баробари маҳсулоти хоҷагиҳои кишоварзӣ, хушкмева, тухмии зироатҳои кишоварзӣ, захрдоруҳо ва дастгоҳҳои махсус, ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан пешниҳод гардид. Тибқи ҷадвали тақсимот барои раёсат ҷойи алоҳида пешбинӣ гардида, дар маҷмуъ 300 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан, 700 бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва инчунин гулу гулбуттаҳо дар чорабинӣ пешниҳод карда шуд.

   Ғайр аз он, дар асоси супориш таъмини иштироки 6 хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Зафаробод, Шаҳристон, Ашт, Б.Ғафуров ва хоҷагиҳои тухмипарварии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Деваштич, Спитамен (бо тухмии гандум, шолӣ, картошка ва чигит) амалӣ гардид. Боиси қайд аст, ки дар иди мазкур маҳсулоти оҳангарӣ ва тарзи истеҳсоли маҳсулоти оҳанӣ, маҳсулоти сўзанӣ ва наматбофӣ бо намоиши тарзи истеҳсоли намат, маҳсулоти атласу адрас, дўзандагӣ, сабатбофӣ, чармгарӣ бо тарзи истеҳсолӣ пойафзол, мўза барои деҳқон ва массӣ, армуғонҳо бо банду баст, маҳсулоти наққошӣ, кундалнигорӣ, кандакорӣ, тарзӣ истеҳсоли корд, колинбофӣ бо тарзи истеҳсоли риштаи пашмӣ, маҳсулоти сангӣ, кулолӣ, шонатарошӣ, тоқии мардона, ҷомаҳои беқасаб, тази истеҳсоли лўхтак, рассомӣ, истеҳсоли нон ва қурут бо банду баст, маҳсулоти зардўзӣ, наққошӣ бо истифодаи хўшаи гандум ва қимич, маҳсулоти заргарӣ ва дигар намудҳои хунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд. Ҳамаи ҷойҳои вобастагардида, аз он ҷумла ҷойи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи талабот бо шиору овезаҳо ва гулу гулбуттаҳо бо зарфҳои махсус ороиш гардида, номгўи ҳар як ноҳол ва гул бо навиштаҷот гузошта шуд.

joomlamodniyportal.ru