Иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Дави миллӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2173

  Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад. Санаи 16 май дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 12 ҳазор намояндагони касбу кори гуногун Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят низ фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур аз хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, то майдони назди Парчами миллӣ идома ёфт. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии варзишӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ намудани он байни аҳолӣ маҳсуб меёбад.