Амалиёти “Ҳавои тоза” яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳаво

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2129

  Ҳар моҳ, мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи пешбинигардида аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон чунин амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ - дизелӣ, бензин ва гази моеъ дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент, даромади шаҳр баргузор гардид.

  Дар рафти амалиёти мазкур, ҳамагӣ 15 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида, нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.