14 Февраль 2020

Ҳашари тозагии муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд

Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби донишҷӯёну устодони муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва умумии шаҳри Хуҷанд ҳашари тозагии муҳити зист гузаронида шуд. Ҳашарчиён асосан дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, ин шоҳроҳи аҳамияти стратегидоштаро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 1000 нафар иштирок намуда, корхонаву ташкилотҳои қадди ин шоҳроҳ низ ба он саҳмгузорӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуданд.

Читать далее

Санҷиши фаъолияти комиссияи ноҳиявӣ оид ба маърифати экологӣ

Дар асоси нақшаи корӣ ва нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД ноҳияи Ҷ.Расулов оид ба маърифати экологӣ ва рафти иҷрои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои вобастагардида санҷида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи Барномаи мазкур ва талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», маводи сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳия, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши фарҳанг ва 5 ҷамоати шаҳраку деҳот дида шуд.

Читать далее

Баргузории вохўрӣ бо донишҷўён дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Санаи 12.02.2020 мувофиқи нақшаи пешбинигардида, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисӣ – омўзгории ноҳияи Ҷ.Расулов» баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохӯрӣ бо донишҷӯён, омўзгорони фанни экология ва умуман вобаста ба табиатшиносӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи Барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон, ифлос гардидани ҳавои атмосфера ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.