13 Май 2022

15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

Дар солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро мерасонад. Бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ шуд. Зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва кишварҳои собиқи ИҶШС Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро имзо карданд. Саволе пайдо мешавад, ки кадом омилҳо боиси тағйирёбии иқлим мегардад? Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои парникӣ нисбат медиҳанд. Ба газҳои парникӣ ва гулхонаӣ – СО (оксиди карбон), СО2 (диоксиди карбон), СН 4 (метан), N2O (диоксиди азот), CF4 (перифторидхои карбон), SO2 (диоксиди сулфур) дохил мешаванд. Буриши дарахтону ҷангалзорҳо барои дарёфти ҳезум, майдонҳои бе дарахтро васеъ намуда сабаби зиёдшавии газҳои гуногуни парникӣ, хусусан гази СО2 мегардад, ки ба муҳити зист зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Аз ибтидои асри ХХ то имрӯз сатҳи хориҷшавии гази СО2 дар атмосфера 31% баланд гаштааст. Тибқи сарчашмаҳои иқлимию гидрометеорологӣ Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои парникӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.Иқлими кишвари мо - Тоҷикистонро асосан гарму хушк, континенталии шадид бо зимистону кӯтоҳи мулоим ва тобистони тӯлонӣ муаррифӣ кардаанд.  Иқлими вилояти Суғд низ континенталӣ буда ҳарорати миёнаи моҳи январ (дар водӣ) - 1°С, моҳи июл + 28°С, дар баландии 1000 м бошад мутобиқан – 4°С ва +26°С ташкил медиҳад. Боришот 150 – 400 мм дар як солро ташкил медиҳад. Азбаски вилояти Суғд дар қисми тангнои водии Фарғона ҷойгир шудааст, ин ҷо ҳамеша иваз шудани ҳаво бо вазидани шамолҳо, махсусан дар резишгоҳи дарёи Сир ва обанбори Қайроққум ба назар мерасад.

Читать далее

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Деваштич

  Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Сарраёсат, мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҳамкорӣ бо  кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Истаравшан - Хуҷанд (минтақаи Деваштич) ва кӯчаи марказии ноҳияи Деваштич амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 66 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, ҳаҷми ихроҷи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз онҳо муайян гардид. Дар натиҷа нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

Амалиёти назоратӣ дар самти канданиҳои фоиданоки маъмули умум дар шаҳри Хуҷанд

  Аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти навбатӣ аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи 3-юм  ҳангоми ғайриқонунӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум ба микдори 1,5м3 ба сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Раҳмонбердиев Махкам тибқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, ҷарима ва зарари ба табиат расонидашуда пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва шуъбаи  мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар ҳамкорӣ бо нозирони БДА амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ), ҳамагӣ 43 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа нисбати 10 адад ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия, вобаста аз ҷойи истиқомат ирсол гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.