Август 2022

26 Август 2022

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади дар сатхи баланд пешвоз гирифтани љашни 31-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера бањри беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар њамљоягї бо нозирони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Конибодом дар кучаи марказии Исмоили Сомони амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 34 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Экскурсияи иттилоотии сайёр дар Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»

 Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд тадбирҳои амалиро андешида истодааст. Мутобиқи талаботи банди нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба њифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд барои хонандагон ва омӯзгорони фанни экологияи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Б.Ғафуров экскурсияи иттилоотии сайёр дар Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкур барои минбаъд муайян намудани нақшаи ҳамкорӣ ва такон бахшидани раванди иҷрои Барнома дар соҳаи маориф бахшида шуда, дар рафти он иштирокдорон бо ҳудуди ҷазира, парвариши мурғи даштии тазарв, мурғобӣ ва моҳӣ, маълумот дар бораи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайёҳии экологӣ шинос гардиданд.

Читать далее

Гузаронидани шанбегӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

 Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба холати экологӣ, аз партовҳои  мухталиф тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ зиёда аз 60 нафар аҳолии ҷамоат иштирок намуда, як адад партовгоҳи бесоҳиб тоза ва пурра бартараф карда шуд. Дар натиҷа ба партовгоҳи маркази ба миқдори 6 м3 партов бароварда шуд.

Читать далее

Гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ш.Хуҷанд

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи мутахас-сисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд дар кӯчаи Р.Ҳоҷиев буриши ғайриқонунии шохидарахти сановбар ошкор гардид. Нисбати қонуншикан Абдурасулова Х. сокини ш.Хуҷанд, ки бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист шохаи дарахтро буридааст, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.

Читать далее

Шанбегии умумӣ бо иштироки волонтерон дар ш.Хучанд

  Дар тозаву обод намудани муҳити атроф  саҳми волонтерон  хеле назаррас аст. Бо ин мақсад дирӯз дар соҳили дарёи Сир бо ҷалби волонтерони Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ш.Хучанд ва ноҳияи Б.Ғафуров  аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Аз ҷониби  волонтерону кормандони Филиал соҳили дарё ва инчунин Боғи Камоли Хуҷандӣ аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тоза карда шуда, беш аз 40 адад борхалта партовҳои мухталиф  бароварда шуд. Дар баробари волонтерони ҶҲАТ ҳамзамон шумораи зиёди сокинони ш.Хуҷанд, ки нисбат ба тозагии муҳити атроф бетараф нестанд, дар шанбегӣ иштирок намуда, бо ин васила саҳми худро  дар тозагиву ободонии муҳити атроф гузоштанд.

Читать далее

Тоза намудани партовгоҳи ноҳиявӣ аз партовҳои полиэтиленӣ ва дигар намуди партовҳо

  Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани  ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» ноҳияи Спитамен гирду атрофи партовгоҳи ноҳиявӣ аз партовҳои полиэтиленӣ ва дигар намуди партовҳо тоза карда шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен амалӣ гардида, чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои аҳолинишин низ идома дорад.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич  амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 24 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандаи 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

19 Август 2022

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист кормандони шуъбаи мониторинги  экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар кӯчаи марказии ноҳияи Спитамен амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 27 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Читать далее

Аксияи тозагии маҳал. Ҷ.Расулов

  Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХУ1 - уми Шӯрои Олӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани аксияхои экологӣ  бомаром идома дорад. Бо ин мақсад бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳия бо истифода аз техника сойи Исфана аз партовҳои маишиву истеъмолӣ ба миқдори 3 м3 пурра тоза карда шуд. Баргузории чунин аксияхои экологи дар дигар  чамоати дехотхои нохия низ дар назар аст.

Читать далее

Амалиётҳои фаврӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик

  Аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ҳолатҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ ошкор карда шуд. Қонуншиканӣ аз тарафи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом содир карда шуда, дар маҷмӯъ 9 сар моҳӣ мусодира карда шуд. Нисбати қуруқшиканон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 208 ва 223 тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияи Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров фиристода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.