Назорати давлатӣ дар самти сайди ғайриқонунии моҳӣ

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 251

  Дар рўзҳои охирони баргузории чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022, аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳњити зист дар минтақаи Чилмаҳрами болооби обанбори Баҳри Тоҷик, ҳудуди ноҳияи Ашт амалиёти фаврии муштарак гузаронида шуд. Рафти амалиёти мазкур сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт Ниёзматов Холмат барои бо аслиҳаи манъшуда - шасти барқӣ (электроудочка) ғайриқонунӣ сайд кардани 50 сар моҳии навъҳои гуногун боздошт гардид. Ҳамзамон, боз як сокини деҳаи Булоқи ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт Ғаниев Мадамин, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ  бо тўри лескагӣ машғул буд, боздошт карда шудаст. Ҳангоми боздошт 18 сар моҳии ғайриқонунӣ навсайдшуда ошкор гардид. Нисбати шаҳрвандон Ниёзматов Х. ва Ғаниев М. маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғози парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 230-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи вилояти Суғд пешниҳод гардидаст.