Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” санаи 29 уми март дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо бахши ҳифзи муҳити зист ва бо иштироки намояндагони шӯъбаи маорифи шаҳр, идораи рӯзномаи "Садои Конибодом", идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷуёни коллеҷу литсейҳои шаҳр мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст чорабиниро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Ф. ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба муносибати пазируфта гардидани ташаббус ва пешниҳоди ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” табрик намуд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом Рауфӣ Даврон зимни баромади худ зикр кард, ки боиси сарфарозист, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардида, мувофиқи он соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
Ҳамчунин аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар тоза нигоҳ доштани маҳалли зисти худ бетараф набошанд, дар баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» саҳми арзанда гузоранд. Сипас, тибқи барнома аз ҷониби иштирокчиён бобати пайдоиш ва зарурати ҳифзи пиряхҳо, намуд ва таъсири иқлим ба обшавии онҳо, масъалаҳои обу иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагон ба оби тозаи ошомиданӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони фаъоли бахш ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.