1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати паррандаҳо ба имзо расид. Дар кишвари собиқ Шӯравӣ таҷлили «Рӯзи байналмилалии паррандаҳо» аз 1 апрели соли 1927 ба ҳукми анъана даромада буд. Аз соли 1994 ин ҷашн дар аксар кишварҳо дар доираи барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» таҷлил мегардад. Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд. Солҳои охир дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла таъсири фаъолияти инсон, ба олами парандаҳо ба камшавии саршумор ва ҳатто зери хатари пурра маҳвшавӣ оварда расонида истодааст. Ба ҷуз омили антропогенӣ, дигаргуншавии иқлим ва офатҳои табиӣ низ ба экосистемаҳои олами ҳайвонот зараровар таъсир расонидаанд. Дар байни гуногунии биологӣ, олами парандагон мавқеи хоса доранд. Дар таркиби олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парандаҳо мавқеи хоса дорад. Муайян карда шудааст, ки орнитофаунаи ҷумҳуриамон беш аз 400 намуд буда, аз ин миқдор 43 намуди онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст. Танҳо дар миқёси вилоятамон 22 намуди парандаҳо дар ҳолати нодир ва маҳвшудаистода қарор гирифтаанд, ки онҳоро олимон-орнитологҳо ба китоби «Намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами наботот ва ҳайвонот дар вилояти Суғд» ворид карданд.
Дар байни онҳо 3 зернамуди тазарвҳо ҳастанд, ки саршумори онҳо сол аз сол дар зери таъсири омилҳои гуногун кам шуда истодааст. Парандаи тазарви сирдарё, зарафшони ва тоҷикӣ мебошад, ки популятсияи ин намудҳо зери таназулшавӣ қарор гирифтааст. Ин ҳолат водор менамояд, барои хифз ва нигаҳдории ин намуди паранда чораҳои саривақтӣ бояд андешида шавад. Бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори парандаҳо ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол саъба парандаи соли 2023 интихоб гардид. Саъба ба қатори парандагони нодир мансуб нест, вале солҳои охир дар минтақаҳои аслии паҳншавӣ ҳамчун парандаи хушхон ба миқдори зиёд аз ҷониби қуруқшиканҳо дошта мешавад. Ин омил метавонад саршумори саъбаро дар оянда дар муҳити хоси зисти он маҳдуд намояд. Аз ин рӯ, оид ба ғайриқонунӣ доштани саъба тадбирҳои муассир андешидан зарур аст. Аз ин лиҳоз, ҳифз, нигаҳдорӣ ва барқарор намудани макони афзоиши парандаҳои нодир ва маҳвшудаистода, вазифаи ҳар як шаҳрванди табиатдӯст мебошад.