Натиҷаҳои фаъолият ҷамъбаст гардид

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 3490

Санаи 3.10.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон бо иштироки мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят С.Акбаров, и.в.сардори раёсат Б.Абдумаликзода, сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нўҳмоҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа як масъала баррасӣ гардид - натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳои минбаъда то ҷамъбасти сол. Ҳангоми пурсиш аз зерсохторҳо таваҷҷўҳи бештар ба масъалаҳои рафти иҷрои "Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019", партовҳои бесоҳиб, қарзи ҳисаҷудокунии 20%-и зерсохторҳо ба кумита ва раёсат, аз он чумла ба бучет, низоми иҷозатдиҳӣ ба объектҳо, ҳолати мелиоративии замин, санҷишҳои нақшавӣ, истихроҷи ғайриқонунии шағал, назорати ҳифзи захираҳои моҳӣ, объектҳои экспертизашавандаи чашнӣ, барқарор намудани хати муҳофизатии ҷангал, иншоотҳои партов обтозакунӣ, назорати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда, буриши дарахтони бисёрсола, ҳолати партовгоҳҳо, масъалаҳои кадрӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дигар вазифаҳое, ки бояд ичро мегардид, додашуд.

     Дар навбати худ аз тарафи намояндаи МИҲД вилоят С.Акбаров барои пурзўр намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои моҳӣ ва ҳамчунин ҷиҳати иҷрои супоришҳои Раиси вилоят оид ба рушди моҳипарварӣ дар маҷлиси санаи 25.09.2019 махсусан таъкид карда шуд. Ҳамзамон дар қатори супоришҳои баёнгардида, масълаи обуна ба матбуоти даврӣ барои соли оянда қайд карда шуд. Дар охир қарори дахлдори ҷаласаи раёсат қабул гардид.