Ниҳолшинонӣ дар хиёбони Истиқлоли ш.Хуҷанд

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 3099

    Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист, ҷиҳати омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки директори пажӯҳишгоҳи ниҳолпарварии Академияи улуми Ҷумҳурии Белорусия Александр Таранов, муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шахру вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ободонии шаҳр дар хиёбони Истиқлоли маҳаллаи Мевағули шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардида, дар қадди роҳ  400 бех ниҳолҳои ардач шинонида шуд. Меҳмонони кишвари Белорусия ин иқдоми сабзкориро истиқболи гарм намуда, онро ба беҳбудбахшии муҳити зисти шаҳр муфид арзёбӣ намуданд.

    Тибқи нақша шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо бахшида ба чорабиниҳои сиёсии дар пешистода  идома дорад.