Корҳои безараргардонӣ дар самти муомилот бо партовҳо

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист, механизми баҳисобгирии партовҳо, ҷамъоварӣ, интиқол ва ҷойгиронии партовҳо аз нуқта ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии муваққатии партовҳо ҳамарўза назорати давлатӣ мебарад. Дар натиҷа бо пешбурди назорати давлатӣ партовҳо аз нуқтаҳои ҷамъоварӣ мунтазам тибқи реҷаи тасдиқгардида бо нақлиётҳои махсус ба партовгоҳ интиқол ва безарар гардонида шуда истодааст.  Ҷиҳати  пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи экологӣ, инчунин пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нуқтаҳо ва қуттиҳои махсуси ҷамъоварии муваққатии партовҳо бо маҳлули кимиёвии гипохлориди натрий тамиз гардонида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз чониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои раёсат тамизгардонии нақлиётҳои махсус пеш аз даромад ва баромад аз партовгоҳ дида шуд.

    Барои минбаъд роҳандозӣ гардидани назорати давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва бо мақсади назорати саривақт тоза намудани нуқтаҳои муваққатан ҷамъоварии партовҳо чунин амалиётҳо гузаронида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.