Тоза намудани соҳили дарёи Сир

 Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020, №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил - 2020», бо ташабуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бо дастгирии ҶДММ «Сирдарё» тоза намудани қисми соҳили чапи дарёи Сир оғоз гардид. Дар давоми ду рўз бо истифода аз техникаҳои махсус 100 метр масоҳати соҳили дарё аз алаф ва лойқа тоза карда шуд.

     Ба корҳои мазкур се адад техника, аз он ҷумла экскаватор ва нақлиёти боркашони тамғаи «КАМАЗ» ҷалб карда шуда, корҳои зарурӣ ҳангоми паст шудани сатҳи оби дарёи Сир амалӣ карда мешаванд. Дар маҷмўъ, аз тарафи ҷамъият тоза кардани 1 километр соҳили дарё пешбинӣ гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.