Чорабиниҳои ҳифзкунандаи олами ҳайвонот дар шаҳри Конибодом

 Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом тибқи нақшаи пешбинигардида, дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд ва чунин ҷамъияти шаҳрӣ, бо иштироки шаҳрвандон ва намояндагони васоити ахбори омма дар шикоргоҳи шаҳри Конибодом корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.

 Боиси қайд аст, ки як қатор парандаҳои муҳочир, аз он ҷумла ғозу мурғобӣ барои зимистонгузаронӣ ба минтақаи мазкур меоянд. Дар рафти чорабинӣ, дар ин мавзеъ ба миқдори 600 кг ғалладона, 300 кг резаи гандум, 200 кг маккадона, 250 кг ҷав ва 100 кг сабус, дар маҷмуъ 1450 кг маводи ғизоии хўрока пошида шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/ru/news/762-korhoibiotehniki012021.html#sigProGalleriac0e2a2e5c1
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.