Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

  Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандон ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Фарвардин» Солеҳзода Т. баргузор гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанавиро оғоз намуда, оид ба қадиму пурғановат ва аҳамияти оламшумул доштани забони тоҷикӣ қайд намуд. Имрӯз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Пешвои муаззами миллат сулҳу амонӣ ва меҳнати бунёдкоронаи хурду калони кишвар, диёри соҳибистиқлоли мо рӯз аз рӯз ободу зеботар гардида, дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони тоҷикӣ низ таҳкими тоза меёбад. Бояд гуфт, ки забон низ аз барӯмандтарин муқаддасоти миллат буда, онро баробари Ватану Модар эҳтиром бояд кард. Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Фарвардин» Солеҳзода Т. баромад намуда, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст, фаҳмонида дод. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайваста тадбирҳои иловагиро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.

  Аз ҷумла, 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.