Февраль 2017

20 Февраль 2017

Семинари бозомӯзӣ

Тибқи нақшаи корӣ 15 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки соли равон Раёсат маҳз барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ фаъолияташро равона карда, ҳангоми зарурият, мунтазам ҳар моҳ оид ба масъалаҳои мубрами соҳа, самтҳо ва корбарӣ чунин семинарҳоро баргузор менамояд. Дар семинари мазкур доир ба масъалаҳои муҳим - тарз ва ҳолатҳои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оиди корбарӣ бо ҷадвалҳои нави ҳисоботсупорӣ, тартиби супоридани ҳисоботи моҳона, моҳияти Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Читать далее

09 Февраль 2017

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

Баҳри  иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  эълон гардидани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ашт бо маблағгузории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  100 бех ниҳоли арча дар километри 3-юми роҳи шаҳраки Шайдон ва дар назди беморхонаи марказии ноҳия  ба миқдори  200  адад ниҳоли арча бо усули ҳашар шинонида  шуд. Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия бахшида ба чорабиниҳои ҷашнӣ банақша гирифта шудааст.

Читать далее

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Бо мақсадибеталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ  кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист якҷоя бо бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар минтақаҳои Понғоз ва доманакӯҳҳои ноҳия санаи 7 феврали соли равон корҳои биотехникӣ гузаронида, ба миқдори умумии 350 кг резаи ҷав, 500 кг резаи гандум, 350 кг резаи ҷуворимакка, 200 кг намак, 600 кг сабус, 35 банд хошоки дағал, 45 банд коҳ  ва дигар намудҳои хӯрока таъмин карда шуданд. Дар ин минтақаҳо намудҳои паррандагон кабк ва саъба,  ҳайвонҳои ваҳшӣ - хуки ваҳшӣ, гург, рӯбоҳ, харгӯш мушоҳида карда мешаванд. 

Читать далее

Семинар-тренинг барои намояндагони ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон

Санаҳои 4 - 6 феврали соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд семинар-тренинг дар мавзуъи «Роҳҳои инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ тавассути унсурҳои чандрасонаи технологияи мултимедиявӣ» доир гардид. Семинар-тренинг аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар ҳамкорӣ бо намояндагии Интернюс дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар баргузории он намояндагони созмонҳои ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон, кормандони ВАО дар вилояти Суғд ва ташкилотҳои самти ҳифзи муҳити зист  иштирок карданд. Давоми се руз иштирокчиёни тренинг аз ҷониби тренерон инъикоси ҷолиби гузоришҳо тавассути унсурҳои чандрасонаӣ (мултимедиа-акс, видео ва садо) шинос гардиданд. Инчунин оид ба роҳҳои истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд.

Читать далее

06 Февраль 2017

Эълон

 

 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 - Сардори Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1334,80 сомонӣ; (категорияи сеюм)

 - сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, маоши мансаби 894,40 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, маоши мансаби 769,60 сомонӣ; (категорияи шашум)

- мутахассиси шуъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 634,40 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)

Читать далее

02 Февраль 2017

Мурғи ҳилоли тибетӣ – паррандаи соли 2017

Мурғи ҳилоли тибетӣ паррандаи хоси муқимии баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Вахон, Сарикӯл ва Аличури Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ин парранда намояндаи калонҷуссаи тазарвҳо буда, вазни фардҳои болиғи он аз 2 то 3 кг-ро ташкил медиҳад. Муҳити хоси сукунати мурғи ҳилол минтақаҳои баландкӯҳи дорои нишебиҳои серхарсангу марғзорҳои алпӣ, ки дар баландиҳои 3600-5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ба шумор меравад. Мавҷудияти сарчашмаҳои обӣ яке аз шартҳои асосии сукунатгоҳи ин парранда маҳсуб меёбад. Ғизои мурғи ҳилол растаниҳои марғзори алпӣ ва ҳашароти хурд мебошанд. Мурғи ҳилол паррандаи сернасл буда, аз 6 то 15 тухм мегузорад. Саршумори умумии ин парранда дар Помири Шарқӣ тақрибан 400 сарро ташкил медиҳад.

Читать далее

Эълони озмун байни мактаббачагон дар мавзӯи «Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои зулол»

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба ифтихори 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон –сарчашмаи обҳои зулол» эълон менамояд. Озмун дар байни хонандагони синфҳои 6-8, 7-11 бо 3 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Сурати беҳтарин» ва «Рӯзномаи девории беҳтарин» гузаронида мешавад. Қабули маводҳо то санаи 5  марти  соли 2017.

Дастрас намудани низомномаи эълон

Телефон барои маълумот  4-39-27

Читать далее

2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ

Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.

Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд.

Читать далее

Семинарҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимии ш.Исфара

Моҳи январи  соли равон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Исфара дар муассисаи таҳсилоти иловагии №1 ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки муаллимон, мактаббачагон ва донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ доир гардид. Дар он аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Исфара оиди нуктаҳои асосии паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома, оиди ҳифз ва истифодаи оқилонаи  олами набототу  ҳайвонот, муаммоҳои партовҳои маишӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  шуд.

Читать далее

Оғози корҳои ободонию кабудизоркунӣ

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  эълон гардидани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Спитамен  аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен ба ҷамоатҳои Тағояк, Куруш, Истиқлол, «Т.Ӯлҷабоев», «Сарбанд» ба миқдори 560 бех ниҳоли дарахти сафедор ва ба кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба миқдори 100 бех ниҳоли дарахти санавбар харидорӣ ва тақсим карда шуд. Дар назар аст, ки бо мақсади зебо намудани муҳити атроф бо фаро расидани фасли баҳор дар дигар шаҳраку ҷамоатҳо низ корҳои ободонию кабудизоркунӣ гузаронида мешавад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.