Апрель 2017

27 Апрель 2017

Конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат»

 Санаи 21 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ба ифтихори 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат» баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Сарраёсати кишоварзӣ, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, коршиносону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.

Читать далее

Конфронс бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров санаи 24 апрели соли равон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон  конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки устодон аз факултаи геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар кори конфронс омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои ҳифз ва самаранок истифодабарии об, таъсири фаъолияти одам ба гидросфера, ҳифзи оби тоза – ҳифзи зиндагонист, об ҳамчун неъмати табиат ва роҳҳои пешгирӣ намудани ифлосшавии оби тоза  баромадҳо намуданд.

Читать далее

18 Апрель 2017

Мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст”

Бахшида ба «Соли 2017 – Соли ҷавонон» , 15 апрел – Рӯзи байналмилалии маърифати экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст” бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар рафти чорабинӣ оиди тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо, масъалаҳои ҳалталаби экологии вилояти Суғд баромадҳо шунида шуданд.

Читать далее

13 Апрель 2017

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷрои Қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи меҳнати зарбдор», бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо ҷалби оммаи васеъ санаи 8 апрели соли равон аксияи «Тозагии соҳил»-ро  доир намуд.

    Дар аксия донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат, литсейи касби-техникии № 44 ва № 56, коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббӣ, кормандони Маркази дилшиносӣ ва ҷарроҳии дил ва беморхонаи физиотерапев-тии ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, сокинони  кумитаҳои маҳаллаҳои 1-Май, Сайҳун, Сирдарё ва соҳибкорон  ҳамагӣ  2578 нафар иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарёи  Сир, аз кӯпруки ҷашнӣ то кумитаи маҳаллаи Раззоқ аз партовҳо, алафҳои худрӯйи хушкшуда, тоза карда шуда ба ҳаҷми 38 м3 партовҳо аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳр ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Читать далее

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2017

 Санаи 7 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семохаи якуми соли 2017 ва вазифахои минбаъда  бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва мудири шуъбаи кишоварзии МИХД вилоят Фирдавс Абдуллозода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т.  бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин,муомилот бо партовҳо ва маърифати экологӣ  соли сипарӣ натиҷаҳои  хубро муваффақ гардиданд.

Читать далее

Конфронси илмӣ-адабии «Об манбаи ҳаёт»

Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, баҳри татбиқи талаботҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, дар муассисаи таълимии щайридавлатии гимназияи «Нур» конфронси илмӣ адабӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёт» доир гардид. Дар он  намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, хонандагон ва устодони гимназия иштирок доштанд. Дар рафти конфронс хонандагон оиди ҳифз, тоза нигоҳ доштан ва самаранок истифодабарии об, масъалаҳои партов ва коркарди онҳо, сабаб ва оқибатҳои тащйирёбии иқлим ва дигар муаммоҳои экологӣ баромадҳо намуданд. Ҳамзамон намояндагони Раёсат ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 сухан намуданд.

Читать далее

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни кормандони васоити ахбори омма озмун таҳти унвони «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон» эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намояд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.