Июнь 2017

08 Июнь 2017

Консерти идона бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматов ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур  Нӯмонзода  баромад  намуданд. Бахшида 45-умин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз тарафи Раиси Кумита, сардори Раёсат ва КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд як қатор кормандони соҳа, рӯзноманигорон, намояндагони ташкилотҳои байнал-халқӣ ва иштирокчиёни фаъоли аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» бо ифтихорномаҳову сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Пас аз қисми расмии барно-ма консерти идона бо иштироки ситораҳои санъати вилоят идома ёфт.

Читать далее

Фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологии вилояти Суғд

Бахшида баРӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» — солҳои 2018-2028 бо иқдоми рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт», дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят дар Муассисаи таълимии гим-назияи № 13-уми шаҳри Хуҷанд Фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологии вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҳадаф аз гузаронидани фестивал ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо, гузоштани саҳми арзанда дар  тозагиву ободии кишварамон, поку беолоиш нигоҳ доштан ва самаранок  истифода бурдани  захираҳои обӣ буд. Кори Фестивалро - сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт» Зокиров И.  ифтитоҳ намуд. Дар оғози  фестивал  оид ба об ва хусусиятҳои он, сарфакорона истифода намудани он  байни иштирокчиён-хонандагони синфи 7-уми гимназияи рақами 13 бозии викторина гузаронида шуд.

Читать далее

06 Июнь 2017

Ифтитоҳи бинои нави бахши ноҳияи Ашт

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июни  соли равон  ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар он  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд. Бинои мазкур бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва худи бахши ноҳияи Ашт дар муддати кӯтоҳ сохта шуда, аз ду ошёна, 6 ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.