14 Январь 2018

Соати сиёсӣ оид ба мӯҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд соати сиёсии кормандони мақомот бо иштироки намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Тюраев Ҷамшед Аскарович бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб  оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш – таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон ҷиҳати оғози ташаббуси нави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сиёсати берунии Тоҷикистон ва ворид шудани он ба марҳалаи нави рушд, эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қайд карда шуд.

Читать далее

Тӯҳфаи 3 адад нақлиёти тамғаи “Портер”

Баҳри иҷрои Қарори ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017, № 18 ва супоришхои Раиси Кумита, ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Суғд моҳи январи соли 2017,   бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа ва беҳбудии муҳити зист, пайваста баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  3 адад нақлиёти тамғаи “Портер” аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят харидорӣ карда шуд. Маросими супоридани нақлиётҳо ба Корхонаҳои давлатии фаръии “Хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ”-и ш.Панҷакент ва н.Айнӣ барои кашонидани партов ва як адад барои насби таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои корношоями симобдор бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва раиси ноҳияи Айнӣ  Неъматулло Раҳматуллозода  баргузор гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.