18 Февраль 2020

Аксияи «Тозагии маҳал» дар миқёси вилояти Суғд

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнхои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Панҷакент ва ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Б.Ғафуров, Спитамен ва Масчоҳ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони соҳаи маориф ва тиб, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 44785 нафар иштирок доштанд. Дар рафти  аксия  15,7 км ҷӯйборҳо, ҳудуд 45,1 ва қади роҳҳо 18,3, соҳилҳои обӣ тоза карда шуда, 2810 бех дарахтон шинонида шуд. Ҳамчунин 1,1 км заҳбуру  каналҳо тоза, 388 бех дарахтон  ва роҳгаштҳо 300м сафед карда шуда, ба партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 106,6 м3 партовҳо бароварда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.