04 Май 2020

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳиятиДаҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳоирушдидеҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳоимардумӣ» ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтаринмаводижурналистӣ дар мавзӯи «Сатҳи баланди маърифати экологӣ пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» озмун эълон менамояд.

Читать далее

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол

    Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 22 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ягон адад  воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон накардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофта нашудааст.

Читать далее

Корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар муассисаи таълимии ш.Истиқлол

     Дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 2 шаҳри Истиқлол вохӯрӣ бо омӯзгорон ва мактаббачагон доир гардид. Рафти вохӯрӣ мудири бахши КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии навъи коронавирус байни хонандагон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр оиди масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ ва  тозаву обод нигоҳ доштани  муҳити атроф  суханронӣ намуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.