02 Июнь 2020

Аксияҳо бахшида ба санаи 5 июн дар ноҳияи Деваштич

   Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсат ва нақшаи чорабиниҳои бахшида санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Деваштич аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Бо ҷалби аҳолии деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия, дар маҷмўъ беш аз 200 нафар ба ғайр аз рўбучин намудани роҳу минтақаҳои аҳолинишин, кори асосӣ ин тоза кардани маҷрои сой аз ҳар гуна партовҳо ба анҷом расид. Худи ҳамин рўз ба партовгоҳи ноҳия зиёда аз 7,4 тн партовҳо бо қувваи хоҷагии манзилию коммуналӣ бароварда шуд.

Читать далее

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба муносибати санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист

 Муҳтарам ҳамкорон, дўстони азиз!

 Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид фавриян наҷод додани башарият аз беобиро ба сароҳат таъкид карданд. Ин нуқта дар сафҳаҳои тамоми расонаҳои бонуфузи дунё интишор ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.