Август 2020

11 Август 2020

Корҳои ободонӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободу зебогардонии муҳити атроф дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда истодаанд .Бо ин мақсад дирӯз дар кучаҳои маҳаллаҳои Ҷ.Расулов, Сари баланд, Навбахор бо иштироки беш аз 430 нафар сокинони махалла, соҳибкорон ва кормандони муассисаҳое, ки дар қадди роҳ ҷой гирифтаанд, аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ҷуйбор ба масофаи– 2310 м, худуди маҳалла ба масоҳати – 1420 м2, қадди роҳҳо – 2600 м, майдонхо аз алафхои худруй ва партовҳо ба масоҳати – 320 м2 тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳрӣ 3м3  партов бароварда шуд. Баргузории чунин шанбегиву корхои ободонӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд низ идома дорад.

Читать далее

Корҳои ободонӣ дар Маҷмааи таърихӣ фарҳангии «Қалъаи Муғ»-и шаҳри Истаравшан

 Маҷмааи таърихӣ фарҳангии «Қалъаи Муғ» яке аз ҷойҳои тамошобоби шаҳри Истаравшан буда, таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Муғ дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории таърихӣ бештар ҷалб гарданд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» бо иштироки сокинони ҷамоату деҳот шанбегӣ умумишаҳрӣ доир гардид. Дар рафти шанбегӣ бо баробари таъмири роҳраву нуктаҳо, ҳудуди маҷмаа пурра аз партовҳо тоза карда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Конибодом

 Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободонӣ дар назди Маркази саломатӣ ва беморхонаи марказии ба номи академик К.Тоҷиев аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кормандони соҳаи тиб ва сокинони маҳаллаҳо иштирок намуда, 2200м ҷуйборҳо ва 3860 м2 ҳудуд тоза карда шуда, 280 м роҳгаштҳо сафед ва 6,3 м3 партовҳо бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Масчоҳ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободонӣ дар ноҳияи Масчоҳ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он сокинони маҳаллаҳо, саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ҳамагӣ 300 нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия ба масоҳати 400 м2 ҳудуд ва 1400 м қади роҳҳо ва 140 м2 майдонҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия ба миқдори 4 м3 партовҳо бароварда шуд.

Читать далее

Назорати манбаҳои обӣ

Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, ки дар шабакаи иҷтимоии фейсбук оид ба партофтани партовобҳо ба соҳили обанбори Баҳри тоҷик ҷой дода шуда буд, дар ҷояш мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Дар ҳақикат ошкор карда шуд, ки аз тарафи  корхонаи ҶДММ «Фируз Плаза»-и ш.Гулистон партовоб ба соҳили баҳри Тоҷик партофта шуда истодааст. Дар натиҷа нисбати директори корхонаи мазкур бо моддаи 177 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудӣ пешниҳоди иҷроишаш хатмӣ дода шуд.

Читать далее

06 Август 2020

Мавзеъи сайёҳии Чилдухтарон, воқеъ дар деҳаи Метк, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич

 Мавзеъи Чилдухтарон аз ноҳия 56 км роҳро ташкил намуда, дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ҷойгир мебошад. Деҳаи Метк таърихи чандҳазорсола дорад. Ба ин гуфтаҳо ашёҳо бо мурури замон аз атрофи деҳа ёфташуда ва мавзеъҳои таърихии он шаҳодат медиҳад. Бар замми ин Деҳаи Метк хеле зебоманзар буда, дар домани қаторкўҳҳои Туркистон ҷой гирифтааст. Рўдҳои кўҳии шўхоб чашмасорон, арчазорон ва кӯҳҳои сар ба афлокаш манзараи деҳаро зебою нотакрор гардонидааст.

Читать далее

Ба истифода дода шудани сехи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо дар шаҳри Конибодом

 Бо мақсади  ҷамъоварӣ ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Қодиров И. дар назди партовгоҳи шаҳрӣ дар майдони 2 га сехи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо сохта ба истифода дода шуд. Самти асосии фаъолияти цехи мазкур ҷамъ намудан ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо буда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 23-30 тн.партовҳои  гуногун ба намудҳо ҷудо карда мешаванд. Айни ҳол дар ин коргоҳ 22 нафар кормандон фаъолият мебаранд. Роҳбарияти корхона мақсад дорад фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи коргаронро зиёд намояд ва як сехи нав барои коркарди хоку пасмондаҳои партов бо мақсади истифодаи он дар заминҳои кишоварзиро сохта ба истифода диҳад.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар ноҳияи Шаҳристон  аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он  кормандони соҳаи маориф, сокинони маҳаллаҳо хамагӣ  85  нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия  ҷӯйборҳову  қади роҳҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, партовҳо ба миқдори  5 м3 ба партовгоҳи ноҳия  бароварда шуд.

Читать далее

Назорати заҳбуру заҳкашҳо

 Тибқи нақшаи корӣ, аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми  гузаронидани амалиёти назоратӣ  дар  ҷамоати  деҳоти  Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Б.Ғафуров ҳудуди заминҳои  Кооперативи  тиҷоратии ба номи  Кушатов ошкор карда шуд, ки пеши роҳи заҳбур баста шуда, обҳои заҳкаш истифода бурда шуда истодаанд. Инчунин  заҳбурҳои дар ҳудуди хоҷагӣ буда  саривақт тоза карда намешаванд.

Читать далее

Оё Шумо медонед?

 Ҳангоми сӯзонидани пакетҳои полиэтиленӣ газҳои заҳрнок ҷудо шуда, боиси олудашавии табиат ва таъсири манфӣ ба саломатии инсон мегардад. Аз 4/1 ҳиссаи сатҳи уқёнусҳо бо партовҳои полиэтиленӣ пӯшонида шудааст. Ин далел ба нобудшавии ҳайвоноти уқёнусу баҳрҳо ишора мекунад. Пакетҳои полиэтиленӣ ҳамасола боиси марги қариб 1 миллион парандаҳои баҳрӣ, 100 ҳазор ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ва шумораи беҳудуди моҳиҳо мегарданд. Пакетҳои полиэтиленӣ таркиби хокро вайрон намуда, танҳо дар давоми аз 100 то 500 сол дар натиҷаи вайроншавии таркиби хок ва обҳои зеризаминӣ таҷзия мешаванд. Аҳолии наздики 50 кишварҳои дунё бо дарки зарари бесобиқаи пакетҳои полиэтиленӣ ба муҳити зист, аз истифодаи маводҳои полиэтиленӣ даст кашиданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.