Ноябрь 2020

30 Ноябрь 2020

Оғози мавсими дарахтшинонӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

   Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ бо саҳми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҳудуди шаҳраки Меҳробод зиёда аз 50 адад сарви аризонӣ шинонида шуд. Тибқи нақша аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар дигар минтақаҳои ноҳия шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар назар аст.

Читать далее

Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Конибодом

  Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар самти ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ тибқи нақшаи корӣ мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи нозирони Раёсат ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар шаҳри Конибодом ҳодисаи сайди ғайриқонунии моҳӣ аз тарафи сокинони ш.Конибодом Ҷӯраев С., Собиров Г. ва буридани се адад дарахти бед дар ҷамоати деҳоти Маҳрам аз тарафи сокини ҷамоат Негматов Д. ошкор гардид. Нисбати қонуншиканон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом фиристода шуд.

Читать далее

Амалиёти фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

   Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, иҷрои нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат дар обанбори Баҳри Тоҷик, дар минтақаи истироҳатгоҳи "Ташкентский" сокини ноҳияи Б.Ғафуров -  Ашуров М. ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ бо воситаи қаиқи оҳанин ва муҳаррикаш боздошт гардид. Қаиқ ва моҳиҳои сайдшуда мусодира гардида, нисбати қонуншикан маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои андешидани чораҳо ба шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фиристода шуд.

Читать далее

28 Ноябрь 2020

Хазонсӯзӣ ва зарари он

 Сӯзонидани хазонҳо, аз ҷумла барги дарахтон ва алафҳои хушкшуда ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд. Илми муосир исбот намудааст, ки партовҳои дар натиҷаи сўзонидани хазонҳо бавуҷудомада дар таркибаш моддаҳои сахттаъсири зиёновар дошта, ба саломатии инсон ва дигар мавҷудоти зинда зарари ҷуброннопазир дорад. Мусаллам аст, ки имрўзҳо фасли хазонрез буда, дар ҳамаи минтақаҳои аҳолинишин аз тарафи мақомоти марбута ҳамарӯза ҳаҷми муайяни хазонҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби аҳолӣ бо мақсади тоза намудани қитъаҳои наздиҳавлигӣ хазонҳо ва баргу пояи зироатҳои коридашуда ҷамъоварӣ мегардад. Баъзан ба чашм мерасад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ва ё шахсони алоҳида хазонҳо, бо мақсади аз онҳо халос шудан, оташ зада мешавад, аммо ғофил аз он, ки онҳо бо ин амал ба саломатии худ, наздикон ва нафарони дигар чӣ гуна зиёд мерасонанд.

Читать далее

26 Ноябрь 2020

Дар шаҳри Хуҷанд қуттиҳои партов нав карда шуданд

    Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи санитариву экологӣ, эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 60 адад қуттиҳои партов нав карда шуданд. Боиси зикр аст, ки дар шаҳр 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, тибқи нақша дар вақти муайянгардида гирифта шуда, мавзеъҳои мазкур мунтазам безарар гардонида мешаванд. Дар миқёси тамоми шаҳр низ иваз намудани қуттиҳои партов дар назар аст.

Читать далее

Амалиётҳои шабонарӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд

    Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, ҳангоми гузаронидани амалиёти шабонарӯзӣ муайян гардид, ки дар кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Хуҷанд аз тарафи КВДК ХНС-и шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар мӯҳлати муайянгардида партовҳо гирифта мешаванд. Амалиёти мазкур махсусан дар фасли тирамоҳ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯзонидани барги дарахтон ва партовҳои истеъмолӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Читать далее

25 Ноябрь 2020

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар нуқтаҳои санҷиши техникӣ

   Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои санҷиши техникии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 73 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, муайян гардид, ки меъёри стандартҳои давлатӣ вайрон карда нашудаанд.

Читать далее

Вохӯрӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, бо икдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Ҷ.Расулов бо кормандон ва сокинони фаъоли ҷамоат вохӯрӣ доир гардид. Кормандони бахш ба ҳозирин дар мавзӯи пешгирии ғайриқонунии шикори ҳайвонот дар мавсими шикор, масъалаҳои партов, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯзонидани барги дарахтон, саҳми сокинони маҳаллаҳо дар тозаву обод намудани муҳити атроф баромад намуданд.

Читать далее

23 Ноябрь 2020

Аксияи «Тозагии соҳил» дар н.Спитамен

 Бо икдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии«Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ» (giz) дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар сохили дарёи Оқсу, канали байнихоҷагӣ, сойи Оқсу, ҷамоати деҳоти Сарбанд бо иштироки 160 нафар сокинон аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Иштирокчиёни аксия аз ҷониби Ташкилоти байналхалқӣ бо дастпӯшак ва халта барои партов-ҷамъкунӣ таъмин карда шуданд. Рафти аксия 2 км сой аз партовҳои ҳархела, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карда шуда, партов ба миқдори 5 м3 ба партовгоҳ бароварда шуд.

Читать далее

Амалиётҳои назоратӣ дар мавсими шикор

     Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами хайвонот, тибқи фармоиши сардори Раёсат таҳти № 64 аз 28.10.2020 «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот дар мавсими шикор» аз тарафи нозирони шуъбаи ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ғайриқонунӣ доштани паррандаи намуди саъба бо лавозимоти ғайриқонунӣ - тӯри махсусгардонидашуда ва «чакас» сокинони ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан  Иброҳимов Т., Додоев А. ва Юсупов М. боздошт гардиданд. Нисбати қонуншиканон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо фиристода шуд. Олоти шикорӣ муваққатан мусодира карда шуда, 10 сар паррандаи саъба ба муҳити табиӣ сар дода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.