04 Март 2021

Ошкори ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон

   Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти шабонарӯзии навбатӣ дар болооби обанбори «Баҳри Тоҷик», минтақаи Қӯқуроқи ноҳияи Ашт ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон – қӯрӯқшиканоне, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғуланд ошкор намуданд. Лавозимотҳои дар он ҷо дарёфтгардида далели моҳидории ғайриқонунӣ буда, аз мушоҳидаҳо аён гардид, ки дар давоми 1 - 2 моҳи зимистони соли ҷорӣ шахсони номаълум ин ҷойро сохтаанд. Аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар давоми 2 шабонарўз навбатдорӣ ташкил гардида, ин ҷойи пинҳонӣ зери назорати доимӣ қарор дода шуд, аммо ягон нафар қӯруқшикан ҳозир нашуд. Баъд аз навбатдорӣ, дар рўзи сеюм ҳамаи лавозимотҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ ва ба он мусоидаткунанда, худи ҷойи пинҳонӣ несту нобуд карда шуд.

Читать далее

Шанбегии умумишаҳри дар шаҳри Истаравшан

   Тибқи супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тоза намудани Каттасой дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, муҳасилини коллеҷҳои тиббӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо шанбегии умумишаҳрӣ   гузаронида шуд. Шанбегӣ бо иштироки 1500 нафар  ва ҷалби 2 адад техника гузаронида шуда, 20 тн.партов ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуд. Ҳамчунин  барои  огоҳӣ  намудани  аҳолӣ огоҳинома  ба микдори 2 ҳазор адад тақсим карда шуда, дар ин мавзеъ 10 адад овезаҳо насб карда шуд. Ҷараёни шанбегӣ тариқи телевизиони маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.