Ҷамъбасти озмун байни рӯзноманигорон

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷамъбасти озмуни вилоятии «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда – омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» байни намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсат Темур Нӯмонзода баромад намуда, қайд кард, ки чун анъана ҳар сол аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ озмун гузаронида мешавад. Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони ҳозира, дар ҳаёт ва ҷаҳонбинии мардум, нақши бузург дорад. Маҳз тариқи телевизион ва радио, рӯзномаву маҷаллаҳо аҳолӣ аз гузоришу навидҳои муҳимтарини ҷамъият огоҳӣ меёбанд.

Боиси қайд аст, ки дар ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар вилоят «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» татбиқи амалии худро ёфта истодааст ва минбаъд барои баланд бардоштани маърифату донишҳои экологии табақаҳои васеи аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар даври ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи «Бахши радио» корманди радиои вилояти Суғд Осими Оқил, дар номинатсияи «Бахши телевизион» корманди телевизиони «Ҷаҳоннамо» Обидҷон Каримов ва дар «Бахши матбуот» корманди рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» Мавзуна Ваҳҳобова - сазовори ҷойҳои намоён, мукофот ва дипломҳои Раиси Кумита гардиданд. Ҳамчунин корманди радиои вилоят Почоев Машҳур соҳиби мукофоти ҳавасмандӣ гардид.

Дар сатҳи вилоятӣ дар номинатсияи «Бахши телевизион» хабарнигори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар вилоят Мирзоёров Равшан, дар «Бахши маводи матбуот» - Азимов Абдураҳим, устоди Донишгохи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар «Бахши маводи радио» – Ахмедов Раҳимҷон корманди радиои «Садои Хуҷанд» ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофот сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар озмуни вилоятӣ, ҳамкории доимӣ ва инъикоси масъалаҳои экологӣ бо мукофоти ҳавасмандӣ ва сипосномаи сардори Раёсат - мухбири радиои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон» дар вилоят Иброҳимова Сабоҳат, рӯзномаи «Согдийская правда» ва хабарнигори рӯзномаи «Суғд ҳақиқати»  қадрдонӣ карда шуданд.

Дар навбати худ ғолибони озмун барои дастгирии рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ дар инъикоси мавзӯҳои экологӣ саҳми худро мегузоранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.