Семинари бозомӯзӣ таҳти унвони «Ғайриқонунӣ буриши дарахтон дар фасли зимистон»

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» санаи 2 ноябри соли равон дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон семинари бозомӯзӣ дар мавзӯи «Ғайриқонунӣ буриши дарахтон дар фасли зимистон» бо намояндагони корхонаву ташкилотҳо доир гардид. Мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон оиди роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар самти ҳифзи олами наботот, буриши ғайриқонунии дарахтон дар фасли зимистон, вусъат бахшидан ба  корҳои ободонӣ, ки солҳои охир дар тамоми шаҳру деҳоти вилоят дар сатҳи хуби ташкилӣ ба роҳ монда шудааст маърӯзаҳо намуданд.

Ҳамчунин ёдрас гардид, ки минтақаҳои сабз аҳамияти муҳими бисёрҷониба дошта, ба ҳолати экологии нуқтаҳои аҳолинишин ва саломатии мардуми он таъсири мусбӣ дорад.    Ғайриқонунӣ буридани дарахтон ва буттаҳои сабз бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.

Дар интихо аз тарафи иштирокчиён доир ба мавзӯҳои мухталифи экологӣ музокира сурат гирифт ва баргузории чунин  вохӯриву семинарҳо  сари вақтӣ арзёбӣ гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.