Вохӯрӣ бо тарбиятгирандагони кӯдакистон

Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», нақшаи чорабиниҳои Маркази бозомӯзии Раёсат санаи 3 ноябри соли равон дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон вохӯрӣ бо кӯдакони кӯдакистони №1 «Офтобак»-и шаҳр дар мавзӯи «Ҳифз намудани табиат» доир гардид. Мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон ба кӯдакон оиди табиати зебои диёрамон, дӯст доштан ва ҳифз намудани олами наботот ва ҳайвонот сухан намуданд. Дар навбати худ кӯдакон дар васфи табиат ва диёр, тирамоҳи заррин шеърҳо қироат  намуданд.

Баргузории чунин вохӯриҳо баҳри баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии кӯдакон, бедор намудани ҳисси табиатдӯстӣ ва ватандӯстӣ дар қалби онҳо мусоидат менамояд.    

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.