Семинари бозомӯзӣ

Санаи 11 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Мувофиқи барнома дар семинари мазкур мутахассисон оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» ва татбиқи он дар фаъолияти кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228

«Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», «Тартиби додани Маълумотнома оид ба ҳолати заҳрнокии ихроҷи моддаҳо аз воситаҳои нақлиёт» тибқи тартиби нав тасдиқ карда шуда,  дуруст истифода бурдани ҷадвал барои тартиб додани нақшаи кории зерсохторҳо дар асоси фармоиши сардори Раёсат аз  21.10.2016, № 113 «Оид ба омӯзиш ва таҳлили фаъолияти хизматии доир ба гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор» баромад намуданд. Дар рафти семинар иштирокчиён ба саволҳои худ оиди мавзӯҳҳои марбута ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.