Баргузории ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4913

Санаи 25 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сарпарасти соҳа – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа як масъала - оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст, баррасӣ карда шуд.

Дар рафти ҷаласа аз тарафи раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ фаъолияти комиссияҳои ҳам вилоятӣ ва ҳам маҳаллӣ таҳлил гардида, нисбати ҳарчӣ зудтар ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт супоришҳо дода шуд.

Барои такон бахшидани раванди иҷроиши амр ва қарори Раиси вилоят ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷаласаи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ вазифагузориҳои мушаххас намуд.