Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни кормандони васоити ахбори омма озмун таҳти унвони «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон» эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намояд.

Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">ecolog.sogd@mail.ru  ирсол карда мешавад.

Давраи баргузории озмун то 15 августи соли 2017 муқаррар шуда, дар арафаи иди Истиқлолияти давлатц ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо ва дипломҳои мақомоти ҳифзи муҳити  зист сарфароз мегарданд.

Телефон барои тамос: 4-39-27, 6-03-95

Дастрастнамудани низомномаи озмун

Скачано с веб-сайта JooMix.org.