Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2017

 Санаи 7 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семохаи якуми соли 2017 ва вазифахои минбаъда  бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва мудири шуъбаи кишоварзии МИХД вилоят Фирдавс Абдуллозода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т.  бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин,муомилот бо партовҳо ва маърифати экологӣ  соли сипарӣ натиҷаҳои  хубро муваффақ гардиданд.

 Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои нохияхои Панчакент (Гафуров А.), Деваштич (Шукуров О.) ва Ч.Расулов (Каримзода Ф.) кайд карда шуда, ба дигар бахшьо барои бартараф намудани камбудиихои чойдошта дастуру супоришхо дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.