Ҷамъбасти аксияи «Тозагии соҳил-2017» дар вилояти Суғд

Баҳри амалӣ намудани «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2017 таҳти №41 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2017», Қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.02.2017 сол таҳти №36 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ва фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз санаи 10.02.2017 сол таҳти №19 аз санаҳои  22-апрел то 27- майи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят аксияи «Тозагии соҳил-2017»  гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ 16659-нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 69,94 км ҷӯйбор, 26,6 км соҳили каналҳо, 5,2 км соҳили заҳкашҳо, 28,3 км соҳили сойҳо, 35,23 км соҳили дарёҳо ва 6,1 км соҳили обанборҳо тоза карда шуд. Дар натиҷа 213,99 тн партовҳо бароварда шуда, ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои манзили коммуналии шаҳру ноҳияҳо ҷойгиронида шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.