Корҳои руйпӯшкунӣ дар партовгоҳи «Деҳмой» идома дорад

Дар соли сипаригаштаи 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров корҳои рӯйпӯшкунии партовҳои радиофаъоли партовгоҳи “Деҳмой”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба масоҳати умумии наздик 11 га ба анҷом расонида шуд, ки арзиши умумиашон 545,63 ҳазор сомониро ташкил дод. Рӯйпӯшкунӣ бо истифодаи хок ва шағали табиӣ бо ғафсии 0,5-1,0 метр ба анҷом расонида шудааст. Ченкуниҳои афканишоти радиатсия дар мавзеи рӯйпӯшкардашудаи партовгоҳ, ки аз тарафи шӯъбаи таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Филиали Суғдии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, нишон дод, ки агар фони радиатсионӣ то рӯйпушкунӣ ба 160-380 мкР/соат баробар бошад, баъди рӯйпӯшкунӣ ҳамагӣ 35-40 мкР/соатро ташкил медиҳад, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои санитарӣ-экологӣ мебошад.

 Имсол низ корҳои рӯйпӯшкунии партовҳои радиатсионии партовгоҳи “Деҳмой” идома дорад.

Ҷудо намудани маблағҳо аз ҳисоби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - 300.000, ш. Хуҷанд – 200.000,  ш. Бӯстон – 50.000, ш.Гулистон – 50.000, ноҳияи Б.Ғафуров – 200.000, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” – 150.000, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят – 50.000 ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят – 1000000 сомонӣ, ҳамагӣ 2000000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз оғози марҳилаи дуюм то ба имрӯз корҳои рӯйпӯшкунӣ дар масоҳати умумии наздик аз 2,0 га аз ҳисоби маблағгузории МИҲД  вилояти Суғд (100000 сомонӣ), ш.Хуҷанд (100000 сомонӣ) ва ш.Бӯстон (50000 сомонӣ) ба анҷом расонида шудааст, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои ҷудошуда 183 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст. Айни ҳол корҳои рӯйпӯшкунии ҳудуди дохилии партовгоҳ ба маблағи 67 ҳазор сомонӣ  идома  дорад.

Аз тарафи мутахассисони Раёсат бо мақсади муайян намудани сифат ва дараҷаи гамма-афканишоти хок ва шағали табиӣ, ки барои рӯйпӯшкунии партовгоҳи радиоактивии “Деҳмой” гирифта шуда истодаанд, аз 2 минтақа намунаҳои хок ва шағали табиӣ гирифта шуда барои гузаронидани ташхис ба шӯъбаи  таҳлилӣ пешниҳод карда шудааст . 

Якубов Носирчон – мутахассиси пешбари шуъбаи назорати истифода ва хифзи замин ва муомилот б партовхои Раёсат

Скачано с веб-сайта JooMix.org.