Озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин»

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»  ва бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 октябри соли равон дар муассисаи давлатии Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и н.Ҷ.Расулов даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» доир гардид. Дар он маҳфилҳо, табиатдӯстони ҷавон ва хонандагоне, ки дар мактабу муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сабақ омӯхта,  ғолиби даври ноҳиявӣ ва шаҳрии  озмуни «Тирамоҳи зарин» дониста шуданд, иштирок намуданд.

Иштирокчиёни озмун дар 3 шарти озмун, ки аз ташкили намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои экология, биология ва ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷаи шартҳои аввали озмун, ки аз намоиши маводҳои табиӣ, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, албомҳо, суратҳои ранга, истифодаи маодҳои видеоӣ оид ба кабудизоркунӣ ва муҳити зист иборат буд, хонандаи ш.Исфара соҳиби ҷои якум, хонандаи ш.Хучанд соҳиби ҷои дуюм ва хонандаи  н.ҷ.Расулов ҷои сеюмро соҳиб гардиданд.

Аз рӯи шарти дуюми озмун, ки аз саволу ҷавоб аз фанҳои экология ва биология иборат буд, ҷои якум насиби хонандаи н.Б.Ғафуров, ҷои дуюм насиби хонандаи ш.Хуҷанд ва ҷои сеюм насиби хонандаи н.Ашт гардид.

Аз рӯи шарти сеюми озмун, ки ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист ва экологиро дар бар мегирифт, ҷои аввалро хонандаи н.Б.Ғафуров, ҷои дуюмро хонандаи н.Спитамен ва ҷои сеюмро хонандаи н.Ашт  сазовор гардид.

Инчунин аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмун гурӯҳи ҳакамон барои иштироки фаъол зарур донист, ки ба гурӯҳҳои даставӣ, ҷои аввалро ба гурӯҳи н.Б.Ғафуров, ҷои дуюмро ба гурӯҳи ш.Хуҷанд ва ҷои сеюмро ба н.Ашт диҳад. Ғолибони озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои Раёсати маориф ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сарфароз гардонида шуданд.  

        Ҳадаф аз гузаронидани озмуни мазкур фаъол гардонидани маҳфилҳои табиатдӯстон, муносибати ғамхорона ба муҳити зист, ташаккули тарбия ва маърифати экологӣ маҳсуб меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.