Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4658

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати  сиёсӣ вобаста ба мӯҳтавои асосии Конститутсия ва нақши он дар эъмори ҷомеаи демократӣ бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева баргузор гардид. Сараввал муовини сардори Раёсат бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат зимни Паёмашон изҳор доштаанд, ки «Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад». Қобили зикр аст, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи ҶТ «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».

 Сипас, мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева оиди Конститутсия, ки асосан шиносномаи давлату миллат  ба ҳисоб рафта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад, суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар Конститутсия тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассум ёфтаанд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмуъ  ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.

       Дар рафти ҷамъомад байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, кормандони ҷавон бобати ин дастоварди бузурги даврони истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро иброз намуданд ва бовар кунониданд, ки ин Қонуни олии мамлакатро ҳамеша эҳтиром ва сармашқи кор худ қарор дода, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ  саҳми арзандаи худро мегузоранд.