Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши н.Масчоҳ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 6690

Дар арафаи 25 солагии Ижлосияи ХУ1-и Ш=рои Олии Жумьурии Тожикистон  ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти н.Масчоҳ доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ва раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода иброз доштанд, ки дар тамоми гӯшаю канори кишвари маҳбубамон айни замон раванди ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда ҷашни 25 солагии Ижлосияи ХУ1-и Ш=рои Олии Жумьурии Тожикистон истиқбол гирад. Ифтитоҳи бинои наву хуштарҳ дар ноҳияи Масчоҳ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Масчоҳ, ки аз тарафи ЧДММ «Фаворит», дар муддати кӯтоҳ сохта  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

 Мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани бинои тозабунёди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар остонаи Идҳои миллии Ҷумҳурӣ  басо рамзист.

Ин ҳама ободкориҳо самараи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд.