Соати сиёсӣ “Парчамат поянда бод”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Атаева Х.Н. ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ доир гардид.

Пас аз суханони ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсат Ӯрунов Р.Т. қайд намуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

     Сипас намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд Атаева Ҳ.Н. ба сухан баромада, зикр намуд, ки Парчами миллӣ нахустнишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст, он симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. НақшиПарчамдартаърихи ҳарякдавлатбатаврихосаарҷгузорӣ кардашуда, маҳззериПарчамихудкишварҳоба ҷаҳониёнфарҳангутаърих, бурдбориҳову пешравиҳоихудромуаррифӣ менамоянд. Таърих гувоҳионаст, кимиллатҳоигуногундавлатдории худро зери Парчам ҳифзвапоягузорӣ намуда, орзувумаромихудродаринрамзидавлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки Парчами миллии тоҷикон таърихи чандинҳазорсола дорад. Парчами миллӣ сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост. Бигузор то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.