Соати сиёсӣ оид ба мӯҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд соати сиёсии кормандони мақомот бо иштироки намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Тюраев Ҷамшед Аскарович бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб  оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш – таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон ҷиҳати оғози ташаббуси нави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сиёсати берунии Тоҷикистон ва ворид шудани он ба марҳалаи нави рушд, эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қайд карда шуд.

Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва моро лозим аст, ки нисбати ғамхориҳои навбатӣ фаъолиятро хубтару беҳтар ба роҳ монда, барои рушд ва сарсабзиву ободии кишварамон саҳмгузор бошем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.