Тӯҳфаи 3 адад нақлиёти тамғаи “Портер”

Баҳри иҷрои Қарори ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017, № 18 ва супоришхои Раиси Кумита, ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Суғд моҳи январи соли 2017,   бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа ва беҳбудии муҳити зист, пайваста баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  3 адад нақлиёти тамғаи “Портер” аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят харидорӣ карда шуд. Маросими супоридани нақлиётҳо ба Корхонаҳои давлатии фаръии “Хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ”-и ш.Панҷакент ва н.Айнӣ барои кашонидани партов ва як адад барои насби таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои корношоями симобдор бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва раиси ноҳияи Айнӣ  Неъматулло Раҳматуллозода  баргузор гардид.

       Намояндагони КДФ “ХМК” аз ин иқдоми пешгирифтаи мақомоти ҳифзи муҳити зист изҳори сипосмандӣ намуда, ин ҳама ободкориҳоро самараи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист  арзёбӣ намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.