Ғайриқонунӣ чаронидани чорво

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат баҳри иҷрои нақшаи корӣ ва фармоиши сардори Раёсат №3 аз 15.01.2020 сол «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ дар ҳудуди вилояти Суғд баҳри ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ» дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят  мунтазам амалиётҳои шабонарӯзӣ гузаронида истодаанд. Бо ин мақсад  дар шаҳри Конибодом амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, ҳангоми амалиёт аз тарафи нозирони шуъба ҳодисаи ғайриқонунӣ чаронидани чорво дар ҳудуди боғоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор карда шуд.

 Нисбати сокинони ш.Конибодом, чамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзор – Бакиров У. ва Юзбоев К. протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда барои баррасӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр фиристода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.