Ташкили даҳрӯзаи фанни экология

Баҳри татбиқи нақша чорабиниҳо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд,  бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  ва баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом ҳамҷоя бо шуъбаи маорифи шаҳр дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронидани даҳаи фаннӣ доир ба фанҳои биология, география, химия  ва  экология ба роҳ  монда шуд. Чунин чорабинӣ дар МТМУ №3 ба номи Ҳ. Каримова ташкил гардида, аз омода намудани лавҳаи алоҳидаи эълон дар бораи нақша чорабинии гузаронидани даҳаи фаннӣ дар даромадгоҳи мактаб оғоз гардид.

Дар даҳаи фаннӣ 6 маротиба маърӯзаҳо аз ҷониби мутахассиси бахш -  Шехов А. дар мавзуи «Муҳофизати табиати маҳали худ», дигар омӯзгорони фаннӣ дар мавзӯъҳои «Саразм – таърих ва макони сайёҳӣ», «Муҳофизати табиат ва масъалаҳои экологӣ», «Ҳайвонотҳои нодири Тоҷикистон» баромадҳо шунида шуд.

Гузашта аз ин, байни хонандагони синфҳои 9-11 Академияи хурди илмҳо гузаронида, хонандаи синфи 11 - Аҳмадова М. дар мавзуи «Муҳофизати табиат ва масъалаҳои экологӣ» ғолиб дониста шуда, ба озмуни шаҳрӣ пешниҳод гардид.

Ҳамчунин санаи 23.01.2020 сол озмуни расмкашӣ дар мавзуи «Ҳифзи муҳити зист», «Тағйирёбии иқлим» ва санаҳои 24-29.01.2020 сол «Викторинаи географӣ, биологӣ, экологӣ» гузаронида шуда беҳтарин хонандаҳо аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист, директори мактаб бо ифтихорномаву ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.