Баргузории вохўрӣ бо донишҷўён дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Санаи 12.02.2020 мувофиқи нақшаи пешбинигардида, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисӣ – омўзгории ноҳияи Ҷ.Расулов» баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохӯрӣ бо донишҷӯён, омўзгорони фанни экология ва умуман вобаста ба табиатшиносӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи Барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон, ифлос гардидани ҳавои атмосфера ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.

    Дар рафти вохўрӣ саволу ҷавоб амалӣ гардида, аз ҷониби омўзгорон оид ба минбаъд, дар ҳолати пайдо гардидани имконият тақдими Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои китобхонаи Коллеҷи мазкур хоҳиш карда шуд. Дар интиҳо иштирокдорон бо интихоб гардидани «Парандаи сол» ва нашрияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат» шинос карда шудаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.