Маърифати экологӣ - асоси беҳдошти муҳити зист

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3540

Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар назди сойи Исфанасой, соҳили обгузари ҷамоати деҳоти Гулхона вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он раиси маҳаллаи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, намояндагони шуъбаи маориф ва мактаббачагон  иштирок доштанд. Гузаронидани чунин вохӯриро дар назди ин минтақа мудири бахш ба ҷамъомадагон  бо мақсади  тозаву озода нигоҳ доштани сою каналҳо, фаъолона иштирок намудан дар аксияҳои экологӣ, гузоштани  саҳми арзанда дар беҳбудии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ  ва ҳисси эҳтиром  ба  захираҳои обӣ  маънидод намуд.