Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба муносибати санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист

 Муҳтарам ҳамкорон, дўстони азиз!

 Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид фавриян наҷод додани башарият аз беобиро ба сароҳат таъкид карданд. Ин нуқта дар сафҳаҳои тамоми расонаҳои бонуфузи дунё интишор ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

 Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад.

 Ин ҳама пешравию ободкориҳо самараи таваҷҷўҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд.     

 Бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шерализода Б.А. соҳаи ҳифзи муҳити зист рушду нумў пайдо намуда, дар вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо дорад.

 Итминони комил дорем, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ва дўстдорони табиат баҳри ҳифзи муҳити зисти диёрамон, иҷрои талаботи қонунгузорӣ, солиму бегазанд нигоҳ доштану ба наслҳои оянда мерос гузоштани табиати биҳиштосоямон саҳми арзанда мегузоранд.

 Дар остонаи Рўзи байналмилалии муҳити зист ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, мутахассисон, кулли табиатдўстон ва нафаронеро, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, самимона табрику муборакбод гуфта, саломатии бардавом, зиндагии шоиставу пурнишот, дар идомаи иқдомҳои наҷибашон барори кор ва пирўзиву бурдборӣ таманно менамоям.

       Ид муборак, ҳамкасбони гиромиқадр!

Скачано с веб-сайта JooMix.org.