Омодагӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар шаҳри Исфара

 Баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати омодасозии ҳудуди шаҳру деҳот барои дар сатҳи шоиста истиқболу таҷлил намудани ҷашнҳои миллии давлатӣ дармиқёси шаҳри Исфара аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар корҳои ободонӣ ва тоза намудани минтақаҳои маҳалли зист, ҳамагӣ 4,5 ҳазор нафар аҳли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, Раёсати маориф ва тандуристӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва аҳолии ҷамоти шаҳраку деҳот иштирок карда, зиёда аз 13,1 км ҷўйбор ва 2,4 км соҳили дарёву сой аз партовҳо тоза гардид. Ҳамчунин, атрофи корхонаҳо ва қадди роҳо, аз ҷумла роҳравҳои пиёдагард аз алафҳои бегона ва хушк тоза карда шуд.

   Дар доираи чорабинии мазкур, дар маҷмўъ 66 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Ҳашарҳои умумишаҳрӣ идома дошта, минбаъд низ баҳри тозаву обод нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/585-shanbegiisfara062020.html#sigProGalleria30381c2c39
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.