Аксияи «Тозагии махал ва соҳил» дар истироҳатгоҳи сайёҳии «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент

     Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби табиӣ ва муҳити тозаву обод ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаи сайёҳии «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва бо иштироки беш аз 120 нафар аҳолии деҳаи Шинг аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия минтақаи мазкур ва соҳили кӯлҳо аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуда, 8 тн партовҳо ба партовгоҳи муваққатӣ бароварда шуд.

   Иқдоми мазкур барои муаррифии минтақаҳои сайёҳии кишвар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ мусоидат менамояд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/tj/news/601-aksiyatmpanjikent072020.html#sigProGalleria3f91befd4f
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.