Корбарӣ ҷиҳати оғози фаъолияти таҷҳизоти безараргардонӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2834

Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва безараргардони лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада ва дар асоси қарори №18 ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям тамғаи «ЭКОТРОМ-2»-150-300 истеҳсоли Федератсияи Русияро харидорӣ намуда буд. Ҷиҳати ба кор шурўъ намудани таҷҳизот раёсат корбарӣ карда, дар натиҷа тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.07.2020, №242 таҷҳизоти мазкур аз тавозуни Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба тавозуни ҶСК «Чароғ»-и шаҳри Исфара гузаронида шуд ва дар ин хусус санад аз 28.08.2020 тартиб ёфтааст.

   Бо гузашти ду моҳ ҶСК «Чароғ» танҳо таҳкурсии ҳуҷраи алоҳидаро барои насбу васл ва коркарди лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромадаро сохта, ҷиҳати ба кор андохтани таҷҳизоти таъиноти ҳифзи муҳити зист, ки барои аз байн бардоштани муаммои безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям ва пешгирии расонидани зарар ба муҳити зист мегардад, чораҷӯӣ карда нашудааст. Дар як мавзеъ гирд овардани миқдори зиёди лампаҳои симобдор ва муҳлати тўлонӣ нигоҳдорӣ намудан ва сари вақт безарар нагардонидани онҳо ба муҳити зисти маҳал хатаровар мебошад. Барои риоя накардани қоидаҳои истифода кардан ё накардани таҷҳизоти таъиноти ҳифзи муҳити зист санад аз 21.10.2020 ва нисбати директори ҶСК «Чароғ»-и шаҳри Исфара Махкамов Б. бо дастрасии моддаи 228 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.